Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии системаи иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шуд, кӯмаки техникии худро баҳри ташкил ва баргузор намудани семинари Ҷумҳуриявии кормандони идораҳои cабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар зумраи вазифаҳои лоиҳа бо мақсади идораи самаранок – якҷоя намудани маълумот аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маълумоте, ки аз дигар манбаъ чун САҲШ, Агентии омори назди Президенти ҶТ, инчунин барномаҳои амудӣ ба дастомада мебошад. Аз ин лиҳоз системаи иттилоотии DHIS2 дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва шӯъбаҳои САҲШ татбиқ карда мешавад.
Кушодашавии семинари дурӯзаи байниидоравӣ аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам сурат гирифт. Дар кори семинар намояндагон аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷкистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Кумитаи дин, Кумитаи кор бо занон, инчунин кормандони шӯъбаҳои САҲШ иштирок карданд. Ҳадафи лоиҳа аз мустаҳкам намудани ҳамкории байнисоҳавӣ дар самти фаъолияти идораҳои САҲШ ба ҳисоб меравад. Татбиқ намудани системаи иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки идора ба шумор меравад. Лоиҳа натиҷаҳои нахустини санҷиши системаи иттилоотии DHIS2-ро дар шӯъбаҳои минтақавии САҲШ пешниҳод кард.
“Лоиҳаи мо системаи электронии ҷамъи маълумотро такмил дода истодааст, ки соли оянда дар тамоми ҳудуди кишвар бояд ба кор шурӯъ намояд. Барои ин бояд маълумоти системаи тандурустиро ва маълумот оид ба таваллуд ва фавтро ба манбаи ягонаи маълумоти миллӣ дохил намуд. Ин ҷараён ҷараёни оддӣ нест, баъзе мушкилиҳо мавҷуд ҳастанд, аммо бо дастгирии шариконамон мо умедворем, ки тамоми ин мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд”, қайд намуд Елена Максименко, роҳбари лоиҳаи мазкур. Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ баҳри идораи бонатиҷаи маълумот дар сатҳи давлат зарур мебошад. Иштирокчиёни семинар инчунин ба шӯъбаи САҲШ-и Шаҳринав ва ба ҷамоатҳои ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо натиҷаҳои фаъолияти шабакаи ягонаи электронӣ бо тартиботи тестӣ ошно гаштанд.
Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. Лоиҳа то моҳи маи соли 2016 татбиқ мегардад.



