Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ беш аз 4,8 млрд. $-ро ташкил дод

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 7,5% ё худ 338 млн. доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили беш […]

ASIA-Plus



Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 7,5% ё худ 338 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили беш аз 3 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 98 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 88 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 11 моҳи соли 2014 ҳаҷми содироти мол каме бештар аз 888 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 2%  зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 3,9 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 8,8% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он беш аз 1,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – беш аз 776 млн. $ ва Чин – зиёда аз 702 млн. $-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. $ зиёдтар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.