Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5% афзуд

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 9,2 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,7 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – […]

ASIA-Plus



Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 9,2 млрд. сомонӣ (тақрибан 1,7 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% зиёдтар аст.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 13,9, саноати коркард – 65,2% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 20,9%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар 33 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 44 номгӯй  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Аз 1 ҳазору 183 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, аз оғози сол 157 корхона аз фаъолият бозмондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.