Дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти ҶТ конфронс оиди натиҷагирии иҷроиши Барномаи “Созмон додани коалитсияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ” баргузор гардид, ки дар кори он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ, Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (INL), Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Академияи миллии Олимпии ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки бо пешгирии нашъамандӣ машғул мебошанд, иштирок намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар, ар рафти конфронс таҳияи Лоиҳа арзёбӣ гардид, пешниҳоду дархостҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи пешгирии ҷалб намудани ҷавонон ба нашъамандӣ муҳокима карда шуданд.
Гуфта мешавад, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо, муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии онҳо таҳқиқ гардиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин масоили гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.



