Ҳузури намояндагони КМИР дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон

Субҳи имрӯз намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон, ки санаи 21-уми декабр доир мегардад, ба шахри Тошканд раҳсипор шуданд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳайати гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагони Тоҷикистон – […]

Аваз Юлдошев



Субҳи имрӯз намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон, ки санаи 21-уми декабр доир мегардад, ба шахри Тошканд раҳсипор шуданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳайати гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ намояндагони Тоҷикистон – узви КМИР Юсуфбек Шодмонбеков ва сармутахассиси КМИР Мирзо Ашӯров дар мониторинги ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя ширкат хоҳанд варзид.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2005 дар Ӯзбекистон парлумони дупалатагӣ амал мекунад. Дар Палатаи Қонунгузорӣ (поёнӣ)-и парлумон ба муҳлати 5 сол доимо 150 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки моҳи декабри соли 2009 аз ҷониби 4 ҳизби сиёсӣ ва Ҳаракати экологии Ӯзбекистн интихоб шудаанд. Дар палатаи болоӣ – Сенат 100 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки бо шумори баробар – 6-нафарӣ аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд интихоб шудаанд. Ғайр аз ин, 16 нафар аъзои Сенатро президенти кишвар аз ҳисоби шахсони бонуфузи кишвар таъин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.