Сохтмони аквапарки пойтахтро итолиёвиҳо ба итмом мерасонанд

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston &Barbieri» ҷаноби Франческо Феррари- ғолиби озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар ҷодаи таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston &Barbieri» ҷаноби Франческо Феррари- ғолиби озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар ҷодаи таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншоотро аз ҷониби ширкати мазкур баррасӣнамуда, дар ин зимн бо таъкиди зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат, қарор намуданд, ки  корҳои мутазаккира то 31 январи соли 2015 бобати омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он, ба анҷом расонида шавад. 

«Дар идома бар он, ҷаноби Франческо Феррари зикр намуд, ки Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати «Preston & Barbieri» ҳамчун ғолиби озмуни байналхалқӣ иштирок варзидааст, яке аз боғҳои аз ҳама нигоҳ ҷавобгўи талаботи ҷаҳони муосир  буда, дар радифи дигар кишварҳои олам боғи мазкур муаррифгари муваффақи маҳсулоти ин ширкат мебошад», – омдааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, бо инобати он, ки ҳамасола миёни боғҳои аттраксионию фароғатӣ озмунҳои байналхалқӣ сурат мегирад ва ин навбат чунин озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соли 2015 баргузор хоҳад гардид, ҷаноби Франческо Феррари аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш намуд, ки бобати дар ин озмун пешниҳод намудани номзадии Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» розигӣ диҳад, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.