Кумак ба пардохти 1,5 млн. рубл музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба пардохти қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл кумак кард. Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ба гурӯҳи бинокорони тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии […]

Аваз Юлдошев



Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба пардохти қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 1,5 млн. рубл кумак кард.

Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мусоидати намояндагӣ ба гурӯҳи бинокорони тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав 600 ҳазор рубли русӣ қарз аз музди меҳнаташон пардохта шудааст.

«Ҳамчунин бо дахолати намояндагӣ шаҳрванди Тоҷикистон Динмуҳаммад Абдуллоев, ки ба таъмиру манзилҳои шахсӣ дар Маскав машғул буд, 353 ҳазор рубли ҳақмузди корашро дастрас намуда, ба гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик дар ширкати «Сириус» қарзи музди меҳнат ба маблағи 150 ҳазор рублро ҳисоббаробарӣ намуданд», – иброз дошт Аҳмедов.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Хабаровск ба зодаи ноҳияи Ҳисор Орзу Толибов қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл ва дар ҶДММ «Диалог» дар шаҳри Волгоград ба зодагони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 300 ҳазор рубл қарзи музди меҳнат пардохт гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.