ҲНИТ амали террористӣ дар Пешоварро маҳкум кард

Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали террористиеро, ки санаи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон сурат гирифта, ба ҳалокати беш аз 150 нафар омӯзгорону толибилмон ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар боис гардид, шадидан маҳкум намуд. Дар баёнияи интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҲНИТ  […]

ASIA-Plus



Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амали террористиеро, ки санаи 16-уми декабр дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати Толибон сурат гирифта, ба ҳалокати беш аз 150 нафар омӯзгорону толибилмон ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафари дигар боис гардид, шадидан маҳкум намуд.

Дар баёнияи интишоршудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки ҲНИТ  ин амали террористиро ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ медонад. «Анҷоми ин гуна ҳамалот, ки мунҷар ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Ислом надорад», – изҳор мегардад дар баёния. 

 Гуфта мешавад,  гурӯҳ ва доираҳое, ки бо роҳи суистифода аз таълимоти динӣ дар ҷаҳони муосир даъват ба хушунат ва зӯроварӣ намуда, мехоҳанд ба хостаҳои худ бирасанд, бояд донанд, ки ин гуна услуб ва шеваҳо дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ ҳастанд, ки чеҳраи Исломи поку таҳаммулпазир ва мусолиматомезро дар назари мардуми дунё хатчадор менамояд.

«Роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо маҳкум кардани ин амали ваҳшиёна ба наздикону пайвадони шуҳадо, ба мардуми шарифи Покистон ва ҳукумати ин кишвар ҳамдардӣ ва ҳамдилии худро изҳор медорад», – омадааст дар фарҷоми баёния.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.