Шоҳидон ба ҳимояти Шуҳрат Қудратов баёнот доданд

Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи нахуст оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ  боздошт шуда буд , баргузор гардид. Суд баёноти 5 нафар шоҳидон ҳам аз ҷониби айбдоркунандагон ва ҳам аз ҷониби ҳимоятро шунида, имрӯз боз 3 нафар шоҳидони дигар баёнот медиҳанд. Шоҳиди ҷониби ҳимоят […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар суди шаҳри Душанбе

мурофиаи нахуст

оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ


 боздошт шуда буд


, баргузор гардид.

Суд баёноти 5 нафар шоҳидон ҳам аз ҷониби айбдоркунандагон ва ҳам аз ҷониби ҳимоятро шунида, имрӯз боз 3 нафар шоҳидони дигар баёнот медиҳанд.

Шоҳиди ҷониби ҳимоят Бадриддин Қаноатов, директори шикрати «Пайванд» дар баёноташ ба суд зикр кард, ки моҳи июли соли 2014 Шуҳрат Қудратов ва судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки аз аризаи даъвогӣ нисбати Суламаев Амиралӣ, ки ба ин ширкат зиён овардааст, даст кашад.

«Онҳо ба ман пешниҳод карданд, ки Суламаев ба ман дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА (7500 сомонӣ) ҳаҷми зиёнро пардохт намояд, вале ман розӣ нашуда, пешниҳод кардам, ки ба ман 2 ҳазор доллари ИМА пардохт шавад ва сипас ман омодаам аризаамро бозпас гирам», – иброз дошт Б.Қаноатов. 

Шоҳиди ҷониби айбдоркунанда падари Суламаев Амиралӣ қайд кард, ки Ш.Қудратов пулро барои ба сифати пора пешниҳод намудан ба суд ҷиҳати бегуноҳ эътироф кардани писари ӯ талаб кардааст.

Шоҳиди сеюм Ҳамидбой Маъмуров, ки ӯро ҷониби айбдоркунанда ба суд даъват кардааст, аз Қудратов ҳимоят намуда, изҳор дошт, ки «дар бораи қазия чизеро намедонад», вале Шуҳрат Қудратовро ҳамчун «адвокати хуб» мешиносад.

Шоҳидони дигар – котиби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Исфандиёр Табаралиев ва Қудратов Замир, бародари Шуҳрат Қудратов низ аз судшаванда ҳимоя карда, изҳор намуданд, ки дар бораи нияти пора додани Ш.Қудратов ба судя огаҳие надоранд.

Қаблан худи Шуҳрат Қудратов, ки дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз манфиатҳои Амиралӣ Сумалаев ҳимоят мекард, дар ин робита изҳор карда буд, ки аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтааст, вале на барои пора додан ба судя, балки ҷиҳати ба ҷабрдида, директори ширкати «Пайванд пардохт намудани ҷуброни зиёни расида.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.