Аз паси Русия рубл дар Тоҷикистон ҳам беҳад беқурб шуд

Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт тайи рӯзҳои ахир қурби рубл ба андозаи 20% коҳиш ёфт. Агар аввали ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе барои 1 ҳазор рубли русӣ 100-101 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз ба ивази он ҳамагӣ 75-80 сомонӣ маблағ дода мешавад. Дар Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши босуръати рубли русиро мустақиман ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт тайи рӯзҳои ахир қурби рубл ба андозаи 20% коҳиш ёфт.

Агар аввали ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе барои 1 ҳазор рубли русӣ 100-101 сомонӣ пешниҳод мекарданд, пас имрӯз ба ивази он ҳамагӣ 75-80 сомонӣ маблағ дода мешавад.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши босуръати рубли русиро мустақиман ба беқурбшавии бесобиқаи рубл дар худи Русия нисбат медиҳанд.

Коҳиши босуръати қурби рубл, ки аввали ҳафтаи равон сурат гирифт, аз замони дефолти соли 1998 бесобиқатарин маҳсуб меёбад. Шаби рӯзи сешанбе Бонки марказии Русия ногаҳон ва ғайриинтизор барои ҳама меъёри фоизии калидиро аз 10,5 то 17% боло бурд, аммо ин тадбирҳо барои наҷоти рубл ҳеҷ самаре ба бор наоварданд. Доллар ва евро ба ҳадди ниҳоии таърихӣ расида, мутаносибан 80 ва 100 рублро ташкил доданд.

Шоми рӯзи сешанбе мавқеи рубл каме устувор шуд. Субҳи рӯзи чоршанбе савдои 1 доллари ИМА ба 71 рубл ва 1 евро ба 89 рубл сурат гирифт.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки аввали ҳафта Бонки марказии Русия барои дастгирии рубл қариб 2 млрд. доллари ИМА-ро ба фурӯш баровардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.