Тоҷикистон интиқоли барқ ба Афғонистонро афзуд

Дар муқоиса бо моҳи гузашта Тоҷикистон дар моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистонро тақрибан ба миқдори 5,5 млн. кВт/соат афзуд. Дар гузориши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи ноябр аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон 55,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо моҳи гузашта Тоҷикистон дар моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистонро тақрибан ба миқдори 5,5 млн. кВт/соат афзуд.

Дар гузориши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин робита зикр мегардад, ки моҳи ноябр аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон 55,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда дар ин моҳ 4,5%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълуомти Вазорат, ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли равон 1 млрд. 253 млн. кВт/соат ё худ 41,2 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, нерӯи барқ аз Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода мешавад. Моҳи октябри соли равон зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистон

 миннатдорӣ изҳор намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали моҳи октябр дар худи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.

Тибқи маълумоти мониторинги сомонаи 

www.barknest.tj

, имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз 5-6 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 33 млн. доллари ИМА 968 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шуд. Дар муқоиса бо соли 2012 соли 2013 содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм – 43% ва аз рӯйи дармоади пулӣ – 56% афзуда буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.