Таваҷҷуҳи вилояти Свердловск ба содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон



Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид як ҳайати намояндагони бахши тиҷорату иқтисоди вилояти Свердловски Русияро ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти ПСС ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили фаъол гардонидани ҳамкориҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, соҳибкорони ин вилоят изҳор доштанд, ки ба воридоти техникаи сохтмонӣ, металлҳои сиёҳу ранга, таҷҳизоти бахши саноат ва кишоварзӣ ба Тоҷикистон, мусоидат ба корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳҳо хурди барқи обӣ, сармоягузорӣ ба индустрияи сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва таъминоти барномавӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва ҳамчунин содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон манфиатдоранд.

Шариф Саид изҳори итминон кард, ки муколамаи дуҷониба миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳо ва сохторҳои давлатӣ ба таҳияи як қатор тадбирҳои амалӣ ҷиҳати пешбурди робитаҳо миёни минтақаҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ миёни ПСС Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Урал созишном аба имзо расида, ҳамчунин оид ба баррасии масъалаи ташкили намоишгоҳи маҳсулоти вилояти Свердловск дар Душанбе дар соли 2015 ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил шуд.

spot_imgspot_img

Популярное