Коммунистони ВМКБ вакилони анҷуманро интихоб карданд

Дар шаҳри Хоруғ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо иштироки 120 нафар вакилон аз ноҳияҳои ВМКБ конфронси ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ин вилоят доир гардид. Котиби якуми Кумитаи вилоятии ҲКТ дар ВМКБ, узви раёсати Кумитаи марказии ҲКТ Хусрав Рақамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар конфронс 9 нафар коммунистони вилоят ба […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Хоруғ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо иштироки 120 нафар вакилон аз ноҳияҳои ВМКБ конфронси ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ин вилоят доир гардид.

Котиби якуми Кумитаи вилоятии ҲКТ дар ВМКБ, узви раёсати Кумитаи марказии ҲКТ Хусрав Рақамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар конфронс 9 нафар коммунистони вилоят ба анҷумани рӯзи 27-уми декабри пешазинтихоботии ҳизб вакил интихоб шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар конфронс лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҲКТ баррасӣ шуда, дар бораи таҷлили ҷашни 90-умин солгарди таъсиси ҲКТ ва ёдбуди хотири арбобони шоистаи ҳаракати коммунистӣ – зодагони ВМКБ, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ибрози назар карда шудааст.

«Иштирокчиёни конфронс ба аҳолии мамлакат, аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ перомуни нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ва ба тамоми коммунистони ҷумҳурӣ оид ба муттаҳидӣ дар сафҳои ҲКТ ва ба ҷудоинадозӣ роҳ надодан муроҷиатномаҳо қабул карданд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.