Адвокат Фахриддин Зокиров дигар аз манфиатҳои Зайд Саидов ҳимоят намекунад



Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов пас аз 8 моҳи дар ҳабс қарор доштан ба иттиҳоми ба таъхир андохтани муҳлати пардохти қарзи бонкӣ, 3-юми ноябр тибқи қонуни афв озод шуда, ба фаъолияти касбии худ идома медиҳад, аммо дигар нияти ҳимоят аз манфиатҳои Зайд Саидовро надорад.

Исҳоқ Табаров, ҳамкори Ф.Зокиров дар кори ҳимоят аз манфиатҳои З.Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи қонуни афв Фахриддин Зокиров аз толори суд озод шуда, доғи судии ӯ бекор ва ӯ ба сифати адвокат ба фаъолияташ идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Қудратов, боз як адвокати соҳибкор Зайд Саидов низ айни замон ба иттиҳоми порадиҳӣ таҳти ҳабс қарор дошта, мурофиаи парвандаи ӯ дар суди шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

spot_imgspot_img

Популярное