Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли зироати ғалладона ба андозаи зиёда аз 5% коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бо такя ба маълумоти Вазорати кишоврзӣ, то 1-уми декабр дар ҷумҳурӣ 1 млн. 285,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2% камтар аст. Зикр мегардад, ки имсол зироати ғалладона дар кишвар дар майдони умумии беш аз 309,7 ҳазор гектар кишт шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 27,5 ҳазор гектар камтар мебошад.
Дар маълумот таъкид мешавад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 26,7 сентнерро ташкил медиҳад, ки 0,5 сентнер аз соли гузашта зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, то 1-уми декабр дар ҷумҳурӣ 621,8 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли гузашта 23,2 ҳазор тонна камтар аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 29,5 сентнерро ташкил додааст, ки 0,4 сентнер аз соли гузашта зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 604,9 ҳазор тонна зироати ғалладона ворид карда шудааст. Ба санаи 5-уми декабри соли равон нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе 153 сомониро ташкил медиҳад.



