ВКХ қазия атрофи халабони тоҷик дар Либияро пайгирӣ дорад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷараёни қазия атрофи халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов дар Либияро пайгирӣ мекунад. Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумоти як қатор ВАО-и Русияву Украина ва Тоҷикистон дар бораи ҳабси халабони ширкати ҳавопаймоии хусусии «Route Aviation» (дар Шарҷа ба қайд гирифта шудааст) дар […]

Аваз Юлдошев



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷараёни қазия атрофи халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов дар Либияро пайгирӣ мекунад.

Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумоти як қатор ВАО-и Русияву Украина ва Тоҷикистон дар бораи ҳабси халабони ширкати ҳавопаймоии хусусии «Route Aviation» (дар Шарҷа ба қайд гирифта шудааст) дар фурудгоҳи шаҳри Триполи аз ҷониби ҳукуматдорони Либия асоси воқеӣ надорад.

«Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо, ки аз ду нафарӣ шаҳрвандони Украинаву Русия ва якнафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистну Қирғизистон иборат аст, рӯзи 13-уми декабр маҳсулоти гуманитариро аз Арабистони Саудӣ ба Либия интиқол додаанд ва то дирӯз ин бор аз ҷониби ҳукуматдорони Либия аз назар гузаронида мешудааст», – гуфт Атоев.

Ба қавли ӯ, ду нафар шаҳрвандони Украина ва шаҳрванди Қирғизистон, ки кормандони ҳайати техникии ҳавопаймо мебошанд, аллакай ба Шарҷа баргашта, ду халабон аз Русияву халабони тоҷик анҷоми санҷиши борро интизоранд ва ба ҳабс гирифта нашудаанд.

«Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай ва сафорати ҷумҳурӣ дар Арабистони Саудӣ ин қазияро пайгирӣ мекунанд», – афзуд Атоев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.