Судя: Шуҳрат Қудратов ба ман пора пешниҳод накардааст



Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Шерзод Низомов рӯзи 18-уми декабр дар мурофиа оид ба барррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов изҳор намуд, ки судшаванда барои содир намудани ҳукми бегуноҳии амиралӣ Суламаев, мизоҷи Шуҳрат Қудратов, ба ӯ пора пешниҳод накардааст.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 18-уми декабр мурофиаи судии навбатӣ оид ба баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов,

 

ки


тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ

 боздошт шуда буд

,

 

доир гардид. Шуҳрат Қудратов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 320 (Додани пора)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Зойиров, судя Шерзод Низомов ба сифати шоҳид баёнот дода, изҳор кардааст, ки Шуҳрат Қудратов, ба ӯ пора пешниҳод накардааст. «Ӯ танҳо гуфт, ки ба айбдоршавандаи таҳти ҳимояташ қарордошта мебояд куммк кард, зеро ӯ аз оилаи камбизоат буда, гуноҳе надорад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ваъда додааст, ки дар сурати мусбат ҳал шудани масъала, ӯро розӣ хоҳад кард. Бо ин гуфтаҳо Қудратов чиро дар назар дошт, судя намедонад», – қайд кард адвокат.

Худи даъвогар Амиралӣ Сумалаев ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуд. «Тааҷҷубовар аст, ки ман ҳамчуни адвокат дар суд ба шоҳидон судя Шерзод Низомов ва котиби ӯ Исафндиёр Табаралиев саволҳо додам ва қариб ба ҳамаи саволҳо онҳо як посух доданд» «Дар хотирам нест», – иброз дошт Зойиров.

Қобили зкир аст, ки дар мурофиаи судии гузашта оид ба баррасии ин парванда рӯзи 17-уми декабр суд

баёноти 5 нафар шоҳидон

ҳам аз ҷониби айбдоркунандагон ва ҳам аз ҷониби ҳимоятро шунид.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное