Пешгӯйии О.Бобоев: Вазъият дар бозори асъор ба эътидол меояд (видео)

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  Олимҷон Бобоев   болоравии қурби доллари ИМА дар баробари сомонӣ ва поин рафтани арзиши рубли русиро муваққатӣ меҳисобад ва бар ин бовар аст, ки вазъият дар семоҳаи аввали соли 2015 ба эътидол меояд. Ба гуфтаи Бобоев, тайи ин муддат ноустуворӣ боқӣ мемонад ва баъдан пули русӣ мавқеашро дар бозор муайян […]

Аҳлиддин Салимов


Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 

Олимҷон Бобоев


 


болоравии қурби доллари ИМА дар баробари сомонӣ ва поин рафтани арзиши рубли русиро муваққатӣ меҳисобад ва бар ин бовар аст, ки вазъият дар семоҳаи аввали соли 2015 ба эътидол меояд.

Ба гуфтаи Бобоев, тайи ин муддат ноустуворӣ боқӣ мемонад ва баъдан пули русӣ мавқеашро дар бозор муайян мекунад. Ҳамзамон таносубҳои муайяни иқтисодӣ равшан мешаванд.

Донишманди тоҷик сабаби болоравии қурби долларро ба қимати нафт марбут медонад. Ба қавли ӯ: “Ин як сиёсати глобалӣ аст. Агар дар ҷаҳон арзиши асли ҷамъи фоидае, ки истеҳсоли нафт медиҳад, қариб 4 баробар аз сатҳи адолат болотар аст. Ин ба таври ғайриобъективӣ боло бардошта шудааст. Имрӯз дар бозори ҷаҳон нархи нафт якбора бошиддат паст рафт, ки асосан ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ин марҳилаи муайян аст ва то семоҳаи аввали соли 2015 боз ба эътидол меояд. Чунки таъсири он ба кишварҳое, ки ин корро анҷом додаанд, ба онҳо ҳам мерасад”.


Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 

афзуд: “Аз дигар тараф, барои чӣ ин ба пули русӣ таъсири сахт расонд? Чунки иқтисодиёти Русия алҳол нисбат ба хатарҳои беруна он қадар устувор нест. Яъне иқтисоди Русия осебпазир аст. Баъдан, пули Русия озод шино надошт, яъне бо супориши ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ идора мешуд. Инҳо хостанд пулро дар бозор сар диҳанд, устувориашро таъмин кунанд. Дар ҳолате ки мо пулро озод дар бозор сар медиҳем ва месанҷем, ки чӣ хел қурби онро мустаҳкам кунем. Вақте ки он мустаҳкам шуд, иқтисодиёт осебпазир намешавад”.

Дар мавриди таъсири пойин рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистону зиндагии мардум Бобоев чунин ибрози андеша кард: “Ин ҷо як омили интизорӣ аст. Мо ояндаро намебинем, ки кай ин чиз аз байн меравад. Мехоҳем тезтар пули доштаамонро ба доллар табдил диҳем. Вазъияти пули Русия чӣ хел мешавад, барои мардум номуайян аст. Бонки миллӣ мехоҳад, ки барои таъмини мувозинат онро фарорад ва чунин имконият дорад”.

Бобоев бар ин бовар аст, ки шурӯъ аз соли 2015 пули миллии Чин ва Русия дар Тоҷикистон ҳамчун асъори минтақавӣ ба муомилот бароварда мешавад. Ба ин тариқ, талабот ба доллар кам шуда, қурби он поин меравад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.