Э.Раҳмон ба бунёди бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар ОМ оғоз бахшид

Имрӯз дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар 4 марҳила дар ин ҷо 4 корхонаи нав – ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Намояндагони ҳамаи ин ширкатҳо дар гузоштани санги асоси маҷмаа ва нома ба насҳои оянда иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд. Барои таъмини ин маҷмаа бо мутахассисони дорои тахассуси олӣ ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии техникӣ ва технологии Тоҷикистон ва 2 донишгоҳи Федератсияи Русия садҳо нафар таҳсили илм мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.

Тавре таъкид гардид, сабаби асосии дар ноҳияи Данғара бунёд ёфтани ин маҷмаа иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва захираи аз ҳама зиёди заминҳои азхудшавандаи ҷумҳурӣ дар ин ноҳия мебошад.

Чунонки таъкид гардид, дар доираи татбиқи ин лоиҳа ҳамчунин бо ҷалби навтарин технологияи соҳа дар зиёда аз 15 ҳазор га заминҳои боир, камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор каси дигар бо кор таъмин мегарданд.

Аллакай баҳори соли 2015 дар 5800 га замин навъҳои беҳтарин, серҳосил ва ба иқлими минтақа мутобиқи пахта кишт карда мешавад, ки ҳосили интизорӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 70 сентнер мебошад. То охири соли 2015 10 ҳазор га заминҳои нав обёрӣ карда мешаванд. Барои ин аллакай 78 адад трактор ва дигар техникаи пуриқтидори зарурӣ ворид карда шудааст.

Дар 3 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара ва Ҷиликӯл 3 корхонаи пахтатозакунӣ бунёд меёбад, ки онҳо метавонанд дар як сол беш аз 80 ҳазор тонна пахтаро тоза намоянд.

Дар маросими тантанавии оғози сохтмони ин маҷмааи бузурги нассоҷӣ ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун, муовини роҳбари ноҳияи мухтори Синзянуйғури Чин Хан Йонг ва намояндани ширкати Ҷун Тайи ин кишвар ва дигар меҳмонони хориҷӣ сухан ронда, ҳозирин ва кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.