Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷараёни қазия атрофи халабон (лётчик)-и тоҷик Акмал Раҳматов дар Либияро пайгирӣ мекунад.
Роҳбари департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумоти як қатор ВАО-и Русияву Украина ва Тоҷикистон дар бораи ҳабси халабони ширкати ҳавопаймоии хусусии «Route Aviation» (дар Шарҷа ба қайд гирифта шудааст) дар фурудгоҳи шаҳри Триполи аз ҷониби ҳукуматдорони Либия асоси воқеӣ надорад.
«Ҳайати сарнишинони ҳавопаймо, ки аз ду нафарӣ шаҳрвандони Украинаву Русия ва якнафарӣ шаҳрвандони Тоҷикистну Қирғизистон иборат аст, рӯзи 13-уми декабр маҳсулоти гуманитариро аз Арабистони Саудӣ ба Либия интиқол додаанд ва то дирӯз ин бор аз ҷониби ҳукуматдорони Либия аз назар гузаронида мешудааст», – гуфт Атоев.
Ба қавли ӯ, ду нафар шаҳрвандони Украина ва шаҳрванди Қирғизистон, ки кормандони ҳайати техникии ҳавопаймо мебошанд, аллакай ба Шарҷа баргашта, ду халабон аз Русияву халабони тоҷик анҷоми санҷиши борро интизоранд ва ба ҳабс гирифта нашудаанд.
«Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай ва сафорати ҷумҳурӣ дар Арабистони Саудӣ ин қазияро пайгирӣ мекунанд», – афзуд Атоев.



