Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба соҳибкорони зиёндида аз сӯхтор дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд кумак кард.
Намояндаи Кумита дар вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳар кадоме аз 20 нафар соҳибкорони зарардида Кумита ба муҳлати 2 сол қарзи бефоиз пешниҳод намуда, ҳамчунин ба соҳибкорзанон мошинҳои дӯзандагӣ тақдим намуд.
Ашӯрматов қайд кард, ки Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ мувофиқи имкон ба ҳамаи осебдидагон аз ин сӯхтор кумак мерасонад.
Қобили зикр аст, ки дар вилояти Суғд 35 марказҳои омӯзишии аз ҷониби ин Кумита бозшуда фаъолият дошта, ҳамасола дар онҳо беш аз 1000 нафар ҷавонон касб меомӯзанд. Дар зарфи 7 соли фаъолияти Кумита дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ беш аз 13 ҳазор нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соҳиби касб шуда, ҷойҳои кори доимӣ пайдо намуданд.



