Роҳбари шабакаҳои барқи Душанбе аз мансаб сабукдӯш гардид



Саид Атоев, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», ки корхонаи зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад, аз мансаб сабукдӯш гардид.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки собиқ роҳбари муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов директори нави ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» таъин карда шудааст.

«Мирзо Исмоилов энергетики соҳибтаҷриба аст, ки ин касб аз гузаштагонаш мерос мондааст. Дар тамоми корхонаҳое, ки ӯ то ин муддат ба ҳайси роҳбар фаъолият дошт, корхонаҳои пешсаф шуморида шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли сухангӯи ширкат, Иброҳим Исмоилов, падари Мирзо Исмоилов замони шӯравӣ ягона тоҷике буд, ки шабакаҳои барқи минтақаи ҷануби кишварро роҳбарӣ мекард ва ба яке аз зеристгоҳҳо дар вилояти Хатлон  номи ӯ гузошта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное