Роҳбари шабакаҳои барқи Душанбе аз мансаб сабукдӯш гардид

Саид Атоев, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», ки корхонаи зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад, аз мансаб сабукдӯш гардид. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки собиқ роҳбари муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов директори нави ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» таъин карда шудааст. «Мирзо […]

Аваз Юлдошев



Саид Атоев, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», ки корхонаи зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» мебошад, аз мансаб сабукдӯш гардид.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки собиқ роҳбари муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов директори нави ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» таъин карда шудааст.

«Мирзо Исмоилов энергетики соҳибтаҷриба аст, ки ин касб аз гузаштагонаш мерос мондааст. Дар тамоми корхонаҳое, ки ӯ то ин муддат ба ҳайси роҳбар фаъолият дошт, корхонаҳои пешсаф шуморида шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли сухангӯи ширкат, Иброҳим Исмоилов, падари Мирзо Исмоилов замони шӯравӣ ягона тоҷике буд, ки шабакаҳои барқи минтақаи ҷануби кишварро роҳбарӣ мекард ва ба яке аз зеристгоҳҳо дар вилояти Хатлон  номи ӯ гузошта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.