Дар Тоҷикистон ба ташкили заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонкҳо тибқи усулҳои дини ислом шурӯъ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои татбиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур зарур мебошанд, оғ гардиданд.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда дар асоси рукнҳо ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои олам, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Чин, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳия мешаванд ва дар нимсолаи аввали соли оянда мавриди татбиқ қарор мегиранд.
Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки оғози фаъолияти бонкҳои исломӣ ба густариши доираи амалиётҳои бонкӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ ва ҳамчунин афзоиши амонатҳои дохилӣ мусоидат мекунад.
Ёдрас мекунем, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро парлумон моҳи майи соли равон қабул кард.



