Тайи як ҳафта қурби сомонӣ нисбати доллар 4% поин рафт

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи «нисбатан болоравӣ»-и қурби доллари амрикоӣ  дар бозори асъори кишвар тайи ҳафтаи равон иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,5790-5,6020 сомонӣ расид.  Ҳамзамон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст шуда, мувофиқан 0,0860-0,0875 […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи «нисбатан болоравӣ»-и қурби доллари амрикоӣ  дар бозори асъори кишвар тайи ҳафтаи равон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,5790-5,6020 сомонӣ расид. 

Ҳамзамон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст шуда, мувофиқан 0,0860-0,0875 сомонӣ ба як рубли русӣ, қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад, каме баланд гардида, мувофиқан 6,7175-6,7390 сомонӣ ба як евро баробар шуд. 

Санаи 18 декабр қурбҳои миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6130-5,6340 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6500-5,6800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6300-5,6500 сомониро ташкил намуданд. 

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта қурби миёнаи рубли русӣ нисбати сомонӣ 0,1004-0,1015 сомонӣ барои 1 рублро ташкил дода буд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши босуръати рубли русиро мустақиман ба

беқурбшавии бесобиқаи рубл дар худи Русия

нисбат медиҳанд.

Аз оғози сол қурби арзи миллии тоҷикӣ нисбати доллари амрикоӣ қариб 14% поин рафта, нисбат ба рубли русӣ бошад, тақрибан 40% боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки оғози соли ҷорӣ қурби миёнаи доллари ИМА нисбати сомонӣ – 4,9220 – 4,9380 ва нисбати рубли русӣ 0,1478 – 0,1488 сомониро ташкил медод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.