Ҳамсари Зайд Саидов ба баргардонидани маркази савдои «Пойтахт» исрор меварзад

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муддати чор моҳ аст, ки ба шикояти ҳамсари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар робита ба аз оилаи онҳо мусодира шудани маркази савдои «Пойтахт», ки таҳти ҳабси давлат қарор дорад, ҳеҷ посухе намедиҳад. Ёдрас мекунем, ки бар асоси қарори Суди олии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2013, маркази савдои «Пойтахт» дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муддати чор моҳ аст, ки ба шикояти ҳамсари соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов дар робита ба аз оилаи онҳо мусодира шудани маркази савдои «Пойтахт», ки таҳти ҳабси давлат қарор дорад, ҳеҷ посухе намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки бар асоси қарори Суди олии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2013, маркази савдои «Пойтахт» дар баробари дигар амволи Зайд Саидов мусодира шуда буд.

Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шикояти кассатсионии Латофат Тоҳирова, ҳамсари Зайд Саидов, ки аввали моҳи сентябр ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ равона гардида буд, ӯ талаб кард, ки қарор дар бораи ҳабси бино бекор карда шавад. «Зайд Саидов танҳо ба 49%-и саҳмияҳои ин бино молик буда, онҳо бояд ба номи ӯ гузаронида шаванд», – гуфт адвокат ва илова намуд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои ба номи ҳамсар гузаронидани нисфи амволи мавриди мусодира қароргирифта иҷозат медиҳад. 

Дар ҳамин ҳол, Табаров қайд кард, ки муддати зиёда аз ним сол аст, ки даромадҳо аз фаъолияти маркази савдои «Пойтахт» ба суратҳисоби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳрӣ ворид мешаванд.

«Нисфи бинои маркази савдои «Пойтахт» дар Душанбе аз ҷониби зерҳимояи ман аз ҳисоби сармоягузории шарикии русиягии ӯ ва нисфи дигараш аз маблғҳои дар Русия ба сифати соҳибкор бадастовардаи Зайд Саидов сохта шудааст, – иброз дошт адвокат. – Бинои шашошёнаи марказ, ки дар наздикии варзишгоҳи «Спартак» сохта шудааст, ба ширкати «Рос Азия Инвест» мутааллиқ аст. Танҳо 49%-и саҳмияҳо он ба Зайд Саидов ва 51%-и он ба писари Олег Сосковетс, собиқ муовини нахуствазири Русия тааллуқ доранд».

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллов ҳузур доштанд.

Қаблан адвокатҳои Зайд Саидов дар бораи

ғасби рейдерии

амволи мутааллиқ ба соҳибкори маҳкумшуда хабар дода буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.