Тоҷикистону Тотористон ба хамкориҳо густариш бахшиданианд



Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Қаюмова бо ҳайати намояндагони ин ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини аввали вазири саноат ва савдои Тотористон Руслан Кабиров маҳсуб меёфт, ки рӯзи 22-юми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

 

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва саноати кимиё, мошинсозӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, илм ва туризм ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд. 

spot_imgspot_img

Популярное