ВАО-и Русия: Дар Украина тоҷикон низ алайҳи ҳукумати Киев меҷанганд

Барои ҳимояти Новороссия шаҳрвандони кишварҳои гуногун меҷанганд. 4 декабр хабарнигори портали 36on.ru бо ҷангиён аз Тоҷикистон суҳбат доштааст, ки ба Луганск ихтиёрӣ барои ҳимоят аз аҳолии осоишта омадаанд. Бино ба маълумоти портал, тоҷике бо номи Муҷоҳид дар оғози суҳбат барои алайҳи худ сафарбар кардани тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба президенти Украина Петр Порошенко миннатдорӣ изҳор намудааст. […]



Барои ҳимояти Новороссия шаҳрвандони кишварҳои гуногун меҷанганд. 4 декабр хабарнигори портали 36on.ru бо ҷангиён аз Тоҷикистон


суҳбат


доштааст, ки ба Луганск ихтиёрӣ барои ҳимоят аз аҳолии осоишта омадаанд.

Бино ба маълумоти портал, тоҷике бо номи Муҷоҳид дар оғози суҳбат барои алайҳи худ сафарбар кардани тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба президенти Украина Петр Порошенко миннатдорӣ изҳор намудааст.

«Порошенко дар ин ҷо тамоми мардуми славянитаборро гирдиҳам оварда, акнун мо бо онҳо дӯстем ва ҳамроҳ барои Новороссия меҷангем. Порошенко барои мо Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кард ва акнун ҳамроҳ мо ҳама бародаронем», – иброз доштааст фармондеҳи гурӯҳи иктишофии 156-ум Толиб.

Муҷоҳид изҳор мекунад, ки бародари ӯ бо оилааш муддати 12 сол аст, ки дар ин ҷо иқомат доранд ва ӯ аз онҳо ҷиҳати ҳимояи манзилаш кумак дархост кардааст.

«Ман ин ҷо муддати зиёде зиндагӣ мекунам. Ман ду фарзан дорам, ки ҳамин ҷо ба дунё омада, ба воя расиданд.  Ман барои ҳимояти онҳо силоҳ ба даст гирифтам, – мегӯяд Толиб. – Ба мо мабалғе пардохт намекунанд ва мо низ пардохти маблағро талаб надорем, мо барои истиқлолияти Новороссия меҷангем».

Ба саволи хабарнигор дар бораи аз куҷо дастрас шудани силоҳу сарулибос тоҷикон посух медиҳанд, ки онҳоро бо ин лавозимот ҷангиёни шарқ таъмин мекунанд, вале агар аз чизе норасоӣ дошта бошанд, онҳоро аз «укропҳо» (украиниҳо) мегирнад. «Тамоми чизи заруриро онҳо доранд. Мо онҳоро кушта, силоҳу сарулибосашонро мегирем. Дигар чӣ ҳам метавон кард, ин ҷанг аст», – иброз доштааст Толиб.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.