Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мурофиаи баррасии аризаи даъвогии сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар бораи ҷуброни зиёни маънавӣ ва моддӣ нисбати Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов баргузор мешавад;

– Дар Бишкек бо иштироки 11 нафар варзишгарони тоҷик аз клубҳои варзишии «Вастан» ва ВМКБ мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Хон Манас» доир мегардад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.2575

сомонӣ;


1

евро –

6.4526

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.09


83



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1962

– Агрегати аввали Нерӯгоҳи асосии обӣ-барқӣ дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.


1932

– Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ба итмом расид.


2001

— Зимни гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои гуногуни Ӯзбекистон дар Тошканд 12 созишнома дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода шуданд.


2008

— Ба муносибати 100-солагии олими маъруфи тоҷик, муаррих, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ботантана ва конфронси илмӣ доир гардид.


1934

– Зодрӯзи олим Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов.


1942

– Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷурабек Муродов.


1943

– Зодрӯзи забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳуснигул Талбакова.


1957

– Мавлуди доктори улуми бахши байторӣ, профессор Иззатулло Сатторӣ.


1961

– Зодрӯзи журналист Набии Набизод.


1962

– Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан барф меборад.          

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4-9, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -3-8.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст.    

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз баъзан боришот (борон, барф), туман дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +8+10.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, ахири рӯз барф меборад.    

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +2+4.

spot_imgspot_img

Популярное