БОР ба дастгирии Тоҷикистон дар шароити беқурбшавии рубл омода аст

Бонки осиёгии рушд (БОР) ба дастгирии Тоҷикистон дар шароити таъсири манфии беқурбшавии рубли русӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар омода аст. «Мо ҳамроҳ бо Хазинаи байнулмилалии асъор бо ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ карда, онро пайгирӣ дорем. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин тамоил нигарон аст. Агар ҳукумат аз мо кумак дархост намояд, мо Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем», […]



Бонки осиёгии рушд (БОР) ба дастгирии Тоҷикистон дар шароити таъсири манфии беқурбшавии рубли русӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар омода аст.

«Мо ҳамроҳ бо Хазинаи байнулмилалии асъор бо ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ карда, онро пайгирӣ дорем. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ин тамоил нигарон аст. Агар ҳукумат аз мо кумак дархост намояд, мо Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем», – хабар дод ба журналистон намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю.

Ӯ бар ин назар аст, ки беқурбшавии рубл ба бахши иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ «бешубҳа таъсир мерасонад». «Муҳоҷирони тоҷик воситаҳои пулиашонро бо рубл мефиристанд ва агар ин маблағҳо ба доллар баргардонида шаванд, аз пештара дида қариб нисфашон коҳиш меёбанд», – қайд кард вай.

Мутобиқи қурби расмии Бонки марказии Русия, аз оғози соли ҷорӣ қурби рубли русӣ нисбати доллари амрикоӣ қариб ду баробар – аз 32,6 рубл дар оғози сол то ба 56,4 рубл ба санаи 23-юми декабр поин рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.