Имтиҳоноти донишҷӯёни ДДХ тариқи маркази тестӣ

Шуруъ аз имрӯз дар Донигоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) маъракаи имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯён тариқи марказонидашуда дар биноҳои таълимии №1 ва №2-и Донишгоҳ оғоз гардид. Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ, 5867 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ аз 391 фанни таълимӣ дар 304 гурӯҳҳои академикӣ имтиҳон месупоранд. Дар маҷмӯъ давоми се ҳафта 28 ҳазору 933 имтиҳон […]

ASIA-Plus



Шуруъ аз имрӯз дар Донигоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) маъракаи имтиҳоноти ниҳоии донишҷӯён тариқи марказонидашуда дар биноҳои таълимии №1 ва №2-и Донишгоҳ оғоз гардид.

Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати ДДХ, 5867 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ аз 391 фанни таълимӣ дар 304 гурӯҳҳои академикӣ имтиҳон месупоранд. Дар маҷмӯъ давоми се ҳафта 28 ҳазору 933 имтиҳон ташкил ва гузаронида мешавад. Имтиҳони ниҳоӣ дар асоси ҷадвали аз тарафи Маркази тестӣ омодагардида дар биноҳои таълимии №1 ва 2-и Донишгоҳ дар ду баст сурат мегирад. Дар бинои таълимии №1 гуруҳҳои шартномавӣ ҷойгир карда шуда, макони супоридан имтиҳоноти ниҳоӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ дар бинои №2 муайян шудааст. Миқдори умумии синфхонахонаҳо дар макони имтиҳонсупорӣ 180 адад буда, 4988 ҷойи нишастро фаро мегирад.

Аз ҳар як фан се савол дода мешавад ва ҳар як донишҷӯ ба он тариқи хаттӣ ҷавоб менависад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бархе имтиҳонот тариқи тестӣ ва ё ба шакли иншову диктант мувофиқи ихтисоси донишҷӯ гузаронида мешавад. Ҷавоби донишҷӯ бо рамзҳои махсус пинҳон дошташуда, аз тарафи омӯзгори мувофиқ (на дарсдиҳанда) тафтиш ва баҳогузорӣ карда мешавад. Ба пурсишномаи имтиҳон аз руйи низоми 5 балла баҳогузорӣ карда шуда, дар як вақт он ба низоми 180 бала мувофиқ ва ё худ баргардонида мешавад.

Ин намуди марказонидашудаи имтиҳонсупорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бори аввал буда, чанд муқаррароти хешро дорад. Аз ҷумла, ба маҷмӯъи маводҳои имтиҳон варақаи ҳозиршавии донишҷӯ, саволҳои имтиҳон, ҷавобҳои имтиҳон ва сандуқи нигоҳдории ҷавобҳо дохил шудаанд. Ҷараёни супоридани имтиҳон аз тарафи деканҳои факулет, намояндаи Раёсати Донишгоҳ ва дигар нозирон назорат бурда мешавад. Дахолат ба раванди имтиҳонсупорӣ ва вайрон намудани талаботҳои Маркази тестӣ манъ карда шудааст.

Ҳар як донишҷӯ натиҷаи баҳои имтиҳонашро баъди ду шабонарӯз аз тахтаи эълони факултети таҳсил менамудааш огоҳ мешавад. Ҳамчунин тариқи сомонаи МБНК огоҳ карда мешавад.

Донишҷӯе, ки аз имтиҳон баҳои манфӣ гирифт, ҳуқуқ дорад, ки дар давраи сесияи хурд тариқи Маркази тестӣ онро аз нав супорад. Агар аз се имтиҳон баҳои манфӣ гирад, тибқи Низомномаи «Низоми кредитии таҳсилот» аз Донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.