Дар АНМН беш аз 300 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд

Date:



Имрӯз, 25 декабри соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 301 кг 396 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – 170 кг 984 гр; афюн – 122 кг 396 гр ва  героин – 8 кг 014 гр бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, ин миқдор маводи мухаддир аз рӯи далелҳои16 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...