Дар АНМН беш аз 300 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд

Имрӯз, 25 декабри соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 25 декабри соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 301 кг 396 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – 170 кг 984 гр; афюн – 122 кг 396 гр ва  героин – 8 кг 014 гр бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, ин миқдор маводи мухаддир аз рӯи далелҳои16 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.