Ҳамсари Умаралӣ Қувватов: «Тамоми оилаамон дар хатар аст»

Date:



Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» мутмаин аст, ки пас аз боздошти ҳамсараш тамоми ахли олиаашон дар амну офият нест. Ахиран Қувватов ҳамроҳи оилааш дар Истамбул зиндагӣ мекарданд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Қумринисо Ҳафизова дар ин робита изҳор намуд, ки бо дархости кумак ба президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон муроҷиат кардааст. «Ман хостори кумаку дастгирӣ аз президент Эрдуғон ҳастам. Агар ҳамсарамрову моро истирдод намоянд, бовар дорам, ки дигар ӯро зинда намебинам», – иброз дошт вай.

Қ.Ҳафизова ҳамчунин таъкид дошт, ки аз боздошти ҳамсараш ҳамаи фарзандон, ҳатто кӯдакони хурдсолаш низ огаҳанд. «Ҳатто духтарчаи хурдсоли 3-солаи мо, ки зимни боздошт ҳамроҳи ман буд, бо ашк дар чашмонаш аз кормандони пулис хоҳиш кард, ки ӯро ҳам боздошт кунанд», – мегӯяд ин зан.

Ба гуфтаи ӯ, духтарони калонии Умаралӣ Қувватов барои таъмини бехатарии худи онҳо дар хона қарор надоштаанд. «Ҳангоми боздошти Умаралӣ, кормандони пулис дар куҷо будани кӯдакони боқимондаро пурсиданд. Онҳо аллакай дар масҷид буданд ва шабро ҳамон ҷо рӯз карданд. Баъдан Умаралӣ гуфт, ки онҳоро биёранд, то ки дар чунин лаҳзаҳои мушкил ҳамроҳ бошанд», – афзуд Қ.Ҳафизова.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов

боздошт шуд.

Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева 

хабар дода буд

. Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик 

Николай Николаев

 низ тасдиқ кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...