Шуҳрат Қудратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд

Date:



Дар мурофиаи судии рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта адвокат Шуҳрат Қудратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд.

Дар

мурофиаи идомадошта

дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ӯ зикр намуд, ки моҳи июли соли 2014 ӯ ба сифати адвокат аз манфиатҳои Амиралӣ Суламаев ҳимоя мекард, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247 Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешуд.

«Ман аз зерҳимояи худ маблағи пулӣ гирифтам, бори аввал 1,5 ҳазор доллари ИМА ва боз 1 ҳазор доллари ИМА барои маблағро супурдан ба Бадриддин Қаноатов, директори ширкати «Пайванд», то ки зиёни аз ҷониби Сумалаев расида ба ӯ ҷуброн шавад. Лекин ман пулро барои пора додан ба судя ҷиҳати содир шудани ҳукми эътирофи бегуноҳии Суламаев нагирифтаам», – иброз дошт Қудратов.

Ба гуфтаи судшаванда, аммо санаи 17-уми июл Суламаев ба ӯ изҳор кардааст, ки барои содир шудани ҳукми эътирофи бегуноҳӣ танҳо дар суд маблағи пулиро медиҳад. «Ман маҷбур шудам ба ӯ бигӯям, ки ин пулҳо барои судя аст, вале дар асл ман бояд онро рӯзи 21-уми июл ба ҷабрдида, роҳбари ширкати «Пайванд» медодам, то ки ӯ аз аризаи даъвогии худ нисбати зерҳимояи ман даст кашад ва ман ин ҷо гунаҳкор нестам», – гуфт Қудратов.

Ёдрас мекунем, ки маводи парвандаи мазкур санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 

ба суд ирсол шуд.

Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фиристода шуда, сипас ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов мутобиқи қонуни афв, метавонад озод карда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...