Тарзи нави ороиши арчаи солинавии Душанбе

Date:



Арчаи солинавӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз арчаҳои солҳои пешин тафвут дорад. Дигар қуллаи арчаро чун анъана тоҷ ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо оро намедиҳанд.

Директори агентии тадорукоти ҷашнии «О’Бале» ва мушвоир оид ба ороиши арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт Мунира Исомова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шудааст, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав зинат мебахшад.

Ба гуфтаи Исомова таҷҳизоти ороиш ва равшанидиҳандаи арчаи солинавӣ мавриди озмоиш қарор гирифта, имрӯз ба кор дароварда мешаванд,ки хотири сокинону меҳмонони пойтахтро болида месозанд.

Зимнан зикр гардид, ки таҷҳизоту лавозимоти ороиши арчаи солинавии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети пойтахт аз хориҷи кишвар дастрас шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори шаҳрдории пойтахт, дар майдони «Дӯстӣ» дар маркази шаҳри Душанбе арчаи солинавии баланлиаш 22 метр гузошта шуд. Рӯзи 31-уми декабр дар ин майдон аз соати 19-00 то 21-00 галаконсерти ситораҳои эстрадаи тоҷик доир гардида, баъди анҷоми он муддати 5 дақиқа мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...