Писари раиси Суди конститутсионӣ дар садри Раёсати Прокуратураи генералӣ

Собиқ сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳкам Маҳмудзода акнун ба Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратури генералии кишвар роҳбарӣ мекунад. Тибқи баъзе маълумот, Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Замоне,ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон […]

Меҳрангез Турсунзода



Собиқ сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Манучеҳр Маҳкам Маҳмудзода акнун ба Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратури генералии кишвар роҳбарӣ мекунад.

Тибқи баъзе маълумот, Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст.

Замоне,ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон дар Вашингтонро роҳбарӣ мекард. Сипас шуъбаи ҳалли масоили қаламрав ва марзии Вазорати мазкурро ба роҳбарӣ гирифта буд.

Моҳи декабри соли 2013 Маҳмудов ба ҷойи Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мансаби сардори Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ таъин гардид. Замонҳои гуногун Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистонро Баҳром Холназаров, ки тибқи баъзе маълумот язнаи президент аст (айни замон – сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон) ва духтари президент Озода Раҳмон, ки аз соли 2009 ба ҳайси муовин ва аз соли 2013 ба сифати муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ фаъолият мекунад, сарварӣ намудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.