Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, воқеъ бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯч. Н.Қарабоев, 46 маросими тақдими воситаҳои моддиву техникӣ ба Агентӣ, ки дар доираи Барномаи мусоидати Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия харида шудаанд, баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар суди шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи адвокат Шуҳрат Қудратов идома меёбад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.2783

сомонӣ;


1

евро –

6.4114

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1017

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1939

– Интихоботи нахустин ба Шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи нав.


1954

– Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ гузошта шуд.


1960

— Нахустин қатораи мусофирбар аз Маскав ба Сталинобод омад.


1973

— Таъсиси вилояти Кӯлоб.


2006

— Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶСК «Газпром» барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту гази «Саргазон» ва «Ренгон» ду иҷозатнома дод.


2010

— Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку»-ро ба имзо расонид


1921-1990

– Зодрӯзи оҳангсоз ва дирижёр Усмон Мадёров.


1946

– Мавлуди журналист Бобоҷон Атобеков.


1947

– Зодрӯзи шоир Юсуфҷон Аҳмадзода.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0+5.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.          

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4-9, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -20-25, рӯзона -4-9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +7+9.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0+2.

spot_imgspot_img

Популярное