Сенатори рус, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Игор Морозов ба
«Русская служба новостей»
изҳор намудааст, ки Тоҷикистон аллакай соли оянда ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ шуда метавонад.
«Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли мо буда, дар доираи минтақаи савдои озод дар ҳаҷми пурра фаъолият дорад. Ман фикр мекунам, ки онҳо ба наздикӣ оид ба ҳамроҳ шудан ба ин Иттиҳод тасмим мегиранд», – иброз доштааст Морозов.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки соли 2015 Ӯзбекистон ҳам метавонад узви Иттиҳоди мазкур гардад, зеро фазои ягонаи иқтисодии роҳандозишуда дар ин Иттиҳод барои дигар кишварҳое, ки бо Русия марзи умумӣ надоранд, ҷолиб аст.
«Айни замон корҳои амалисозии харитаи роҳ дар бораи ба минтақаи савдои озод ҳамроҳ шудани Ветнам дар арафаи анҷомёбист. Эрону Туркия ошкоро мегӯянд, ки ба ин минтақа ворид шуданианд. Ба ҳудуди 28 кишвари дунё фазои иқтисодии мо мароқовар аст», – таъкид доштааст сенатор.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иқтисоди Русияро ба сатҳи бештар баланд мебардорад. «Чӣ қадре ки дар он шарикон зиёд бошанд, Иттиҳод ҳамон қадр пуриқтидортар мегардад, ки ба рушди саноат такони нав мебахшад», – афзудааст ӯ.



