Имкони ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайвастани Тоҷикистон дар соли оянда

Сенатори рус, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Игор Морозов ба  «Русская служба новостей»  изҳор намудааст, ки Тоҷикистон аллакай соли оянда ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ шуда метавонад. «Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли мо буда, дар доираи минтақаи савдои озод дар ҳаҷми пурра фаъолият дорад. Ман фикр мекунам, ки онҳо ба наздикӣ […]

ASIA-Plus



Сенатори рус, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Игор Морозов ба 


«Русская служба новостей»


 изҳор намудааст, ки Тоҷикистон аллакай соли оянда ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамроҳ шуда метавонад.

«Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли мо буда, дар доираи минтақаи савдои озод дар ҳаҷми пурра фаъолият дорад. Ман фикр мекунам, ки онҳо ба наздикӣ оид ба ҳамроҳ шудан ба ин Иттиҳод тасмим мегиранд», – иброз доштааст Морозов.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки соли 2015 Ӯзбекистон ҳам метавонад узви Иттиҳоди мазкур гардад, зеро фазои ягонаи иқтисодии роҳандозишуда дар ин Иттиҳод барои дигар кишварҳое, ки бо Русия марзи умумӣ надоранд, ҷолиб аст.

«Айни замон корҳои амалисозии харитаи роҳ дар бораи ба минтақаи савдои озод ҳамроҳ шудани Ветнам дар арафаи анҷомёбист. Эрону Туркия ошкоро мегӯянд, ки ба ин минтақа ворид шуданианд. Ба ҳудуди 28 кишвари дунё фазои иқтисодии мо мароқовар аст», – таъкид доштааст сенатор.

Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иқтисоди Русияро ба сатҳи бештар баланд мебардорад. «Чӣ қадре ки дар он шарикон зиёд бошанд, Иттиҳод ҳамон қадр пуриқтидортар мегардад, ки ба рушди саноат такони нав мебахшад», – афзудааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.