Васоити ахбори умуми Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар Тоҷикистон метавонад бо мушкилот рӯбарӯ шавад, зеро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳлати созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо ширкати туркии «Шалола»-ро, ки ин литсейҳоро идора мекунад, то ҳол дароз накардааст.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
бо такя ба гуфтаҳои Раҳимҷон Саидов, роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, шартномаи ҳамкории ин ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон, ки то соли 2013 амал мекард, дигар тамдид карда нашудааст.
«Ҳоло онҳо иҷозатномаи фаъолият надоранд. Ҳарчанд мӯҳлати амали иҷозатномаи қаблиашон ба охир расидааст. Аз сабаби надоштани иҷозатнома ҳамон созишномае, ки бо ҳукумати Тоҷикистон доштанд, ба охир расид ва инҳо дигар созишномаро тамдид накарданд», – иброз доштааст ӯ ва дар посух ба ин савол ки чӣ гуна ин литсейҳо бидуни иҷозатнома фаъолият мекунанд, посух надод ва аз ироаи шарҳи бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ варзидааст.
Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи робитаҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Амрохон Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми мушкилоти литсейҳои туркӣ ба мавҷуд набудани иҷозатнома, дақиқтараш ба саривақт дастрас накардани он марбут аст.
«Тамоми мактабҳои байнулмилалие, ки дар Тоҷикистн фаъолият доранд, ба гирифтани иҷозатнома ба муҳлати ҳар 5 сол уҳдадоранд ва бари ин пешниҳоди як бастаи комили ҳуҷҷатҳо зарур аст. Ҳуҷҷатҳо аз ширкати «Шалола» ба мо дастрас шуда, вале чуноне баъдтар аз Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф маъдумот доданд, ин баста комил набуд. Мо раҳбарияти ширкатро дар бораи боз кадом ҳуҷҷатҳо зарур будан огоҳ кардем, вале алҳол аз онҳо дигар ҳеҷ маълумоте нарасидааст», – хабар дод Алиев.



