Ба литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон хатари басташавӣ таҳдид мекунад?

Васоити ахбори умуми Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар Тоҷикистон метавонад бо мушкилот рӯбарӯ шавад, зеро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳлати созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо ширкати туркии «Шалола»-ро, ки ин литсейҳоро идора мекунад, то ҳол дароз накардааст. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои Раҳимҷон Саидов, роҳбари Хадамоти […]

ASIA-Plus



Васоити ахбори умуми Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар Тоҷикистон метавонад бо мушкилот рӯбарӯ шавад, зеро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳлати созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо ширкати туркии «Шалола»-ро, ки ин литсейҳоро идора мекунад, то ҳол дароз накардааст.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

бо такя ба гуфтаҳои Раҳимҷон Саидов, роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, шартномаи ҳамкории ин ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон, ки то соли 2013 амал мекард, дигар тамдид карда нашудааст.

«Ҳоло онҳо иҷозатномаи фаъолият надоранд. Ҳарчанд мӯҳлати амали иҷозатномаи қаблиашон ба охир расидааст. Аз сабаби надоштани иҷозатнома ҳамон созишномае, ки бо ҳукумати Тоҷикистон доштанд, ба охир расид ва инҳо дигар созишномаро тамдид накарданд», – иброз доштааст ӯ ва дар посух ба ин савол ки чӣ гуна ин литсейҳо бидуни иҷозатнома фаъолият мекунанд, посух надод ва аз ироаи шарҳи бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ варзидааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи робитаҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Амрохон Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тамоми мушкилоти литсейҳои туркӣ ба мавҷуд набудани иҷозатнома, дақиқтараш ба саривақт дастрас накардани он марбут аст.

«Тамоми мактабҳои байнулмилалие, ки дар Тоҷикистн фаъолият доранд, ба гирифтани иҷозатнома ба муҳлати ҳар 5 сол уҳдадоранд ва бари ин пешниҳоди як бастаи комили ҳуҷҷатҳо зарур аст. Ҳуҷҷатҳо аз ширкати «Шалола» ба мо дастрас шуда, вале чуноне баъдтар аз Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф маъдумот доданд, ин баста комил набуд. Мо раҳбарияти ширкатро дар бораи боз кадом ҳуҷҷатҳо зарур будан огоҳ кардем, вале алҳол аз онҳо дигар ҳеҷ маълумоте нарасидааст», – хабар дод Алиев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.