Вазири маориф ҷонибдори фаъолияти ширкати «Шалола» бар асоси хайрия аст



Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидзода ҷонибдори идомаи фаъолияти ширкати туркии «Шалола» аст, ки литесйҳои тоҷикиву туркӣ дар кишвар таҳти идораи он қарор доранд.

Лекин вазир таъкид дошт, ки фаъолияти ширкати «Шалола» дар Тоҷикистон бояд танҳо дар асоси хайрия амалӣ гардад.

«Ман ҷонибдори бозбинии фаъолияти мауссисаҳои мутааллиқ ба ширкати туркии «Шалола» бар асоси хайрия мебошам. Тамоми кумаке, ки ин ширкат ба Тоҷикистон расониданист, бигзор бар асоси хайрия амалӣ шавад, на бештар аз он. Ин мавқеъи ман аст. Мо сари ин масъала кор мекунем», – қайд кард Нуриддин Саидзода.

Ба қавли вазир, соли 1994 Шӯрои вазирони Тоҷикистон бо ширкати «Шалола» қарордод ба имзо расонида, қатъ сохтан, тамдид ё имзо қарордоди нав бо ин ширкат ба салоҳияти ҳукумати ҷумҳурӣ дохил мешавад.

«Аз тамоми маводи интишоршуда дар ин хусус дар ВАО мо огаҳ ва онҳоро пайгирӣ дорем. Мо шумори ҷонибдорону мухолифони ин литсейҳоро медонем. То нишасти хабарии оянда ин мушкилот ҳаллу фасл мешавад», – иброз дошт вазир.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки васоити ахбори умуми Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки фаъолияти литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар Тоҷикистон метавонад

бо мушкилот рӯбарӯ шавад

, зеро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муҳлати созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо ширкати туркии «Шалола»-ро, ки ин литсейҳоро идора мекунад, то ҳол дароз накардааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВАО, ширкати «Шалола» зери нуфузи ҳаракати «Хизмат» қарор дорад, ки муассиси он ходими динии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен мебошад ва айни замон ӯ дар ИМА иқомат дорад. Дар Туркия алайҳи ӯ дар робита ба кӯшиши тағйири сохти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ф.Гюлен ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст. Чанде пеш

мусоҳибаи Фатҳуллоҳ Гюлен

бо рӯзномаи маъруфи чопи Олмон «Зюддойче цайтунг» (Süddeutsche Zeitung) низ интишор шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное