Ниёзи Тоҷикистон ба кумаки техникӣ барои баргузории барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ

Омодагӣ барои барӯйхатгирии навбатии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 соли равон шурӯъ мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин масъала дар вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо донорҳо дар Агентӣ баррасӣ шудааст, ки дар он аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ: Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи нуфуси СММ, […]

ASIA-Plus



Омодагӣ барои барӯйхатгирии навбатии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 соли равон шурӯъ мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин масъала дар вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо донорҳо дар Агентӣ баррасӣ шудааст, ки дар он аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ: Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти байналхалқии меҳнат, Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Хазинаи кудаконии СММ, Фонди ОғоХон, Агентии Ҷопон оид ба рушд ва ҳамкориҳо, Барномаи рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо, ва инчунин вазорату идораҳо иштирок доштаанд.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ қайд шудааст, ки шурӯъ аз соли равон барои ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, ташкили сафарҳои хизматӣ бо мақсади шиносоӣ бо саволномаҳои намунавӣ барои баруйхатгирии навбатӣ ва ҷорӣ намудани Низоми иттилоотии ҷуғрофӣ барои харитакунонии баруйхатгирӣ кумаки техникӣ зарур аст.

Ҳамчунин таъкид шудааст, ки нисбатан дар сатҳи паст қарор доштани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, паҳн намудани таҷриба ва пешниҳоди иттилоотро мушкил мегардонад ва бо ин мақсад таъсиси шабакаи корпоративии байни мақомоти омори ноҳияҳо ва вилоятҳо зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолии охирин дар Тоҷикистон соли 2010 гузаронида шуд. Ба ҳолати аввали октябри соли 2010 дар ҷумҳурӣ 7 млн. 565 ҳазор нафар иқомат доштанд, ки дар муқоиса бо соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.