ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайитро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кард

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз дар конфронси худ муовини раиси ҲНИТ, рӯзноманигор ва сиёсатшинос Маҳмадалии Ҳайитро аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари кории ҲНИТ хабар доданд, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Саидиброҳими Назар аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб номазд ба […]

Аваз Юлдошев



Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз дар конфронси худ муовини раиси ҲНИТ, рӯзноманигор ва сиёсатшинос Маҳмадалии Ҳайитро аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари кории ҲНИТ хабар доданд, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Саидиброҳими Назар аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб номазд ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки М.Ҳайит ва С.Назар ба рӯйхати ҳизбии ҲНИТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ низ шомиланд.

Дар шарҳи ин масъала роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода қайд кард, ки пешбарии як номзад ба вакилӣ ҳам аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳам аз ҳавзаи якманлатии интихоботӣ тибқи қонунгузорӣ манъ карда нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.