Соли гузашта 21 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ ва 5 ҳукми ҳабси абад содир шуд

Соли 2014 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон 21 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир шуд, ки 16-тоаш пурра ва 5-тоаш қисман эътирофи бегуноҳӣ мебошад. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азиззода дар ин робита таъкид дошт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ комилан ба нафъи мансабдорони гумонбаршуда ба қонуншиканӣ содир нашудаанд. Раиси Шӯрои адлияи […]

Мавзуна Абдуллоева



Соли 2014 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон 21 ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир шуд, ки 16-тоаш пурра ва 5-тоаш қисман эътирофи бегуноҳӣ мебошад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон Зафар Азиззода дар ин робита таъкид дошт, ки ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ комилан ба нафъи мансабдорони гумонбаршуда ба қонуншиканӣ содир нашудаанд.

Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ҳамчунин изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои кишвар 5 ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки айни замон ҷазои қатлро иваз мекунад. «Асосан афроде, ки дар кушторҳои бераҳмона ва терроризм даст доштанд, ба ҳабси абад махқум шуданд», – иброз дошт Азизов.

Ба қавли ӯ, аз рӯи далелҳои содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ соли гузашта нисбати 978 намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ки аз ин шумор 35 нафарашон маҳкум шудаанд. «Ду нафар судя аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Ваҳдат, ки дар ришваситонӣ гунаҳкор эътироф шуданд, низ ҷазо гирифтанд», – гуфт ӯ.

Зафар Азизззода зикр кард, ки соли 2014 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 131 ҳазору 998 парвандаҳои судӣ баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4 ҳазору 472 парванда камтар аст.

«Аз ин шумор 12 ҳазору 29-тоаш – парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҳудуди 35 ҳазору 359 адад – парвандаҳои оилавӣ, 9 ҳазору 160 адад – парвнадаҳои ҷиноӣ, 49 ҳазору 600 адад – парвандаҳои қонуншикании маъмурӣ мебошанд», – афзуд раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.