Ширкати чинии ТВЕА барои коркарди конҳои тиллои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ танҳо баъди саҳеҳ шудани маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои ин конҳо иҷозатнома дастрас карда метавонад.
Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол имрӯз дар ҷамъи журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинӣ дар ин конҳо корҳои иктишофи геологӣ мегузаронад, ки анҷоми онҳо то соли 2017 дар назар аст.
Бино ба гуфти ӯ, баъди саҳеҳ шудани маълумот дар бораи ҳаҷми захирахои ин конҳо ҳукумати Тоҷикистон оид ба коркарди минбаъдаи онҳо тасмим мегирад ва аз эҳтимол дур нест, ки ширкати ТВЕА барои коркарди маъдан дар яке аз ин конҳо иҷозатнома дастрас намояд.
Ӯ таъкид дошт, ки ширкати ТВЕА аз ҳисоби маблағҳои худаш дар шаҳри Душанбе Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) бундё намуда, тибқи тавофуқи ҳосилшуда бо ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ширкати чинӣ барои коркарди яке аз конҳои тиллои Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад. «Дар ҳама гуна ҳолат, Тоҷикистон аз ин муомилот бурд хоҳад кард», – афзуд Ҷумъазода.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ширкати чинии ТВЕА барои баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» иҷозатнома гирифт. Тибқи маълумоти ҳанӯз замони шӯравӣ бадастомада, таркиби тилло дар ин конҳо беш аз 2 грамм дар 1 тонна маъданро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки арзиши Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-и аз ҷониби ширкати ТВЕА сохташуда, 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.



