Захираҳои тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан ба 500 тонна баробар аст

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии захираҳои тасдиқшудаи тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан 500 тоннаро ташкил медиҳад. Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар даҳ кони тиллои ҷумҳурӣ корҳои коркард роҳандозӣ шудаанд. «Кони бузургтарини тиллои кишвар дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ буда, […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии захираҳои тасдиқшудаи тилло дар конҳои Тоҷикистон тақрибан 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон дар даҳ кони тиллои ҷумҳурӣ корҳои коркард роҳандозӣ шудаанд. «Кони бузургтарини тиллои кишвар дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ буда, ба коркарди он корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин машғул аст», – иброз дошт ӯ.

Ҷумъазода таъкид дошт, ки яке аз шартҳои ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорон дар конҳо коркарди пурраи маъдан дар дохили кишвар аст.

Ӯ қайд кард, ки сармоягузори чинии КМ «Зарафшон» – ширкати Зи Ҷин коргоҳи поккории маъданро сохта ба истифода дод, ки тиллои аз кони «Таррор» истихроҷшударо аз омехтаҳо тоза мекунад.

Ёдрас мекунем, ки иқтидори солонаи лоиҳавии коргоҳи поккории мазкур то 5 ҳазор кило тиллои тозаро бо истеҳсоли сабикаҳои тиллоии меъёри байнулмилалӣ бо дараҷаи 999,9-и вазнаш 12,5 кило ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.