«Газпром» аз корҳо дар ду майдони нафту гази Тоҷикистон даст кашид

ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон даст кашид. Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол дар ин робита изҳор кард, ки ширкати Русия баргузории корҳо дар майдонҳои нафту гази Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (20 километрии ҷануби Душанбе)-ро рад […]

Пайрав Чоршанбиев



ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон даст кашид.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол дар ин робита изҳор кард, ки ширкати Русия баргузории корҳо дар майдонҳои нафту гази Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (20 километрии ҷануби Душанбе)-ро рад намудааст.

Ба қавли вай, раҳбарияти «Газпром» тасмим гирифтааст, ки тамоми талошҳои худро ба корҳои иктишоф ва коркард дар майдонҳои шарқи кишвар, дар майдонҳои нафту гази Сариқамиш ва Шоҳамбарӣ мутамарказ месозад.

Ҷумъазода таъкид дошт, ки ширкати русиягӣ ба наздикӣ натиҷаҳои корҳои доиргардида дар ин қитъаҳоро ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Газпром» иттилоъ медиҳад, ки ояндаи наздик дар майдони дорои иҷозатномаи Сариқамиш сохтмони чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» дар майдон ояндадори нафту гази Сариқамиш бо чуқурии 6450 метр тобистони соли гузашта ба итмом расид. Тибқи натиҷаҳои корҳои пармакунӣ ва баргузории маҷмӯи корҳои геологӣ ва геофизикӣ 8 иншооти имконпазири дорои нафту газ ошкор карда шуд.

Чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҷониби ширкати «Газпром» ба ин корҳо равонагардида дар маҷмӯъ беш аз 5,5 млрд. рублро ташкил медиҳанд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.