Кумитаи дин: Танҳо афроди камогоҳ аз Ислом ба ҷанги Сурия мераванд

– Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пешгирии иштироки ҷавонони тоҷик дар даргирҳои Сурия аз имомхатибон ва олимон истифода мекунад», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода. «Имомхатибон ва олимон дар маъвизаҳои худ дар бораи оқибатҳои ҷангу хунрезӣ, терроризм ва […]

Мавзуна Абдуллоева



– Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пешгирии иштироки ҷавонони тоҷик дар даргирҳои Сурия аз имомхатибон ва олимон истифода мекунад», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода.

«Имомхатибон ва олимон дар маъвизаҳои худ дар бораи оқибатҳои ҷангу хунрезӣ, терроризм ва ифротгароӣ маълумот медиҳанд», – саҳеҳтар иброз дошт ӯ ин гуфтаҳояшро.

Бино ба гуфти раиси Кумита, ӯ аз ҷалбу иштироки ҳарчи бештари ҷавонони тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои исломӣ нигарон аст. «Сабабҳои аслии ҳузури ҷавонони тоҷик дар низоъи Сурия дониши нокофӣ ва ҳамчунин шароитҳои номусоиди зиндагӣ аст. Ҷавони ба таври кофӣ бархӯрдор аз дониши динӣ ҳеҷ гоҳ дар ин муқовимат иштирок намекунад. Касоне, ки ҷавононро ба ҷанги Сурия ҷалб мекунанд, қабл аз ҳама аз камогоҳии онҳо аз Ислом истифода мебаранд», – қайд кард Холиқзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ин самт Кумита бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ дорад, то ки ҷавононро аз донишгоҳҳои хориҷӣ ба ватан баргардонад. «Ҳамин тариқ, бо супориши президент аз соли 2010 то ба имрӯз ба ҳукумати ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки аз 3054 нафар донишҷӯёни тоҷики дар кишварҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои динӣ таҳсилдошта 2896 нафарашонро ба ватан баргардонад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар макотиби олии исломии кишварҳои хориҷӣ ҳамагӣ 158 нафар донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд. «Донишҷӯёне, ки ба ватан баргардонида шуданд, дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Либия, Миср ва Покистон таҳсили илм мекарданд», – афзуд раиси Кумита.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.